Қарор буд, ки телевизиони "Ориённур" рӯзи 27-уми июн дар шаҳри Панҷакент ба пахши барномаҳои худ шурӯъ кунад, аммо ду рӯз қабл аз ифтитоҳ, мавҷи ин телевизион аз сӯи Хадамоти алоқа бекор шуд. Мақомот далели ин корро пайдо шудани мушкил дар мавҷе медонанд, ки ба ин телевизион пешниҳод шудааст. Аммо ба иддаои муассиси телевизион, ин танҳо як баҳона аст.
"Гуфтанд, аз болоят бисёр навишта истодаанд"
Сино Ниёзов, раиси телевизиони навтаъсиси "Ориённур", ки чандест дар Душанбе пушти дари мақомот, мунтазири дарёфти дубораи иҷозатнома барои мавҷи телевизион аст, мегӯяд, баъди пахши чанд барномаи санҷишии ин телевизион дар эфир, мақомот аз ӯ хостанд пахши онро муваққатан қатъ кунад. Сино Ниёзов, раиси телевизиони "Ориённур" мегӯяд, чанд бор занг заданд, ки "пахшро қатъ кунед. Гуфтам барои чӣ, гуфтанд, аз болоят бисёр навишта истодаанд".
Мақомоти Хадамоти алоқа сабаби бозхонди иҷозатномаи мавҷи телевизионро ба халалдор шудани мавҷ ва шикоят аз ҷониби як телевизиони дигар аз Панҷакент рабт медиҳанд. Муассиси телевизиони навтаъсис мегӯяд, мақомот аввал ба ӯ ваъда карданд, ки баъди бозхони иҷозатнома ба ӯ дар муддати кӯтоҳ барои гузашта ба мавҷи дигар иҷозат хоҳанд дод. Аммо Сино Ниёзов мегӯяд, таъхир дар ин кор ҳоло ӯро нигарону ноумед кардааст. "Дар як мулоқот худи раиси Хадамоти алоқа ҳам ба ман гуфт, ки телевизион бе ин ҳам зиёд аст. Боз чӣ даркор. Ман гуфтам, дар Панҷакент ҳамагӣ як телевизиони маҳаллӣ аст",-гуфт Сино Ниёзов.
Муассиси телевизиони "Ориённур" мегӯяд, барои телевизиони худ маблағи зиёде сарф карда буд ва студияву кормандон ҳама омодаи кор буданд. "Ба раиси шаҳр ҳам муроҷиат кардем, ки барои ифтитоҳи расмӣ мусоидат кунед. Мехостем моҳи апрел ба кор шурӯъ кунем, нашуд, дар Наврӯз ҳам нашуд. Гуфтанд, дар ҷашни Ваҳдати миллӣ ифтитоҳ кунед. Аммо то Ваҳдат иҷозатномаро гирифтанд. Дигар хомӯш кардем".
Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дархости навбатӣ барои додани иҷозати мавҷи дигар ба телевизиони навтаъсис дар ҳоли баррасист. Як масъули ин ниҳод дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз болои муассиси "Ориённур" ба мақомот шикоят ворид шудааст ва бояд он омӯхта шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Сино Ниёзов мегӯяд, қаблан ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ дархости ӯро барои иҷозаи пахши барномаҳои телевизионӣ пурра санҷида, сипас иҷоза дода буданд.
Дар сурати дубора дарёфт кардани муҷаввиз ё парвона, "Ориённур" дар Панҷакент дувумин телевизиони хусусӣ хоҳад буд. То ин вақт дар ин минтақа ягона телевизиони мустақил "Садо ва симои Панҷакент" буд. Раҳбари ин телевизион ҳам баъди пахши барномаҳои санҷишии "Ориённур" бо як нома ба Бег Сабур, сардори раёсати Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз он шикоят кард, ки пахши телевизиони нав дар мавҷи 11 ба сифати барномаҳои онҳо халал ворид кардааст.
Искандар Ҳамидов, роҳбари телевизиони "Садо ва симои Панҷакент" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт "телевизиони мо аз соли 1992 канали КТВ 12 -ро истифода мебарад. Тибқи қоида бояд дар байни мавҷҳои 10 ва 12 як канал холӣ бошад. 11-ро бояд аз Панҷакент дур, масалан дар Хуҷанд диҳанд".
Аммо муассиси телевизиони "Ориённур", ки барои мавҷи дигар дархост пешниҳод карда, дар дарёфти он ҳоло ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст, мегӯяд таъхир дар ин кор бар зарари телевизиони ӯ аст.
Мушкили телевизионҳои мустақил дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 34 телевизиони фаъолият мекунад. Шумораи телевизионҳои ғайридавлатӣ ҳудудан 20 то гуфта мешаванд.
Коршиносон мегӯянд, як мушкили аслӣ дар роҳи таъсиси телевизионҳои мустақил дар кишвар, дарёфти муҷаввиз барои фаъолият аз мақомот аст. Муҷаввиз барои пахши барномаҳои ширкатҳои телевизионии хусусӣ бояд аз Кумитаи радио ва телевизион ва иҷозатнома барои дарёфти мавҷ аз Хадамоти алоқа гирифта шавад.
Абдумалик Қодиров, мутахассиси ин соҳа мегӯяд, "муҷаввиз сари вақт дода намешавад ва телевизионҳои мустақил моҳҳои дароз ба қавле бе муҷаввиз кор мекунанд. Мушкили дигари ин телевизионҳо ҳам ин аст, ки ҳукуматҳои маҳал болои сари онҳо назорат мекунанд, агар маводи танқидӣ чоп шавад, дучори мушкил мешаванд".
Мушкили умдаи дигари телевизионҳои мустақил ҳам ба гуфтаи муттахасисон, гузаштан ба пахши рақамӣ аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарони соҳа, барои таъсиси радиову телевизионҳои мустақил махсусан дар минтақаҳои наздимарзӣ мақомот бояд баръакс ба онҳое, ки чунин тасмим мегиранд, кӯмак расонанд.
Телевизионҳои хориҷӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ
Абдумалик Қодиров мегӯяд, нақши телевизионҳои хусусӣ дар ин минтақаҳо барои ҳифзи фазои иттилоотӣ муҳим аст. Дар акси ҳол ин холигоҳ аз ҷониби шабакаҳои кишварҳои дигар пур шуда, мардум зери тарғиби онҳо қарор мегиранд. "Телевизионҳои мустақил дар минтақаҳои наздимарзӣ иҷрочии сиёсати маҳалӣ ҳастанд. Онҳо мардуми маҳалро аз таҳти пропагандаи дигар кишварҳо афтодан ҳимоя мекунанд".
Як таҳқиқоти ахир ҳам нишон додааст, ки аксар сокинони наздимарзии Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии Узбекистон, Русия ва Эрону Афғонистонро тамошо мекунанд. Набӣ Юсуфӣ, раҳбари созмони "Медиа консалтинг" мегӯяд, дар минтақаҳои наздимарзӣ сокинон ба беш аз 20 шабакаи телевизионӣ Узбакистон, то 200 шабакаи Русия ва ҳамагӣ ба 8 канали Тоҷикистон дастрасӣ доранд.
"Яъне, имконияти хеле васеъ доранд ки телевизионҳои телевизионҳои хориҷро бо барномаҳои рангорангу филмҳои нав ба навро тамошо кунанд. Тақиқоти мо нишон дод, ки 45 дар сади аҳоли тамошобини телевизиони Русия 32 фоиз тамошобини Узбакистон ва 23 дар сад гурӯҳи телевизонҳои форсизабон ҳастанд",-афзуд Набӣ Юсуфӣ.
Фаъолияти телевизионҳои ғайридавлатӣ аксаран дар вилояти Суғд рушд карда, бештари телевизонҳои хусусӣ ҳам дар ин минтақа фаъолият доранд. Дар пойтахт ба бовари таҳлилгарон, имконияти таъсиси телевизииони мустақил ба далелҳои мухталиф хеле кам аст.
Хабаргузории "Азия плюс" ҳам чандин сол талош кард, барои таъсиси телевизион муҷаввиз бигирад. Барои ин маблағи зиёд ҳам сарф кард, аммо то ҳанӯз натавонистааст ба ин кор муваффақ шавад.